| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ  дар Зафаробод
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар Зафаробод 

                                                                    

    изображение_viber_2023-02-13_13-48-25-918.jpg

    Дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ҷомии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид.

    Дар он кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ 580 нафар иштирок доштанд. Давоми аксия 1200 м ҷӯйборҳо, 650 м каналҳо ва 500 м роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки собиқадорон ва сокинон дар ҳудуди шаҳраки Зарафшони ҷамоати деҳоти Ҷомӣ зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.

    Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст.


    Бозгашт