| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Левакант
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Левакант

     

    21 августи соли  ҷорӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри мазкур дар қаламрави шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксия тамоми ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр, аз ҷумла кормандони соҳаҳои тандурӯстӣ, маориф, КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолона  иштирок намуда, шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Борбадро аз ҳамагуна партовҳо тоза намуда, ба тартиб дароварданд.

    Аксияи «Тозагии маҳал» тибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин,  корҳои тозагию ободонӣ ҳамеша аз тарафи кормандони ташкилоту идораҳои қаламрави шаҳр, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста гузаронида мешавад.






    Бозгашт