| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

    Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва беҳсозии ҳолати экологӣ дар шаҳри Истиқлол бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, ва 5 дар кӯчаи марказии шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ аксияи «Тозагии маҳал” гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксия гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, пояи дарахтон сафед карда шуда 4,3 тн партовҳо чамъоварӣ гардида бароварда шуданд.

    Ҳамчунин, аз тарафи хонандагон бо мақсади баланд бардоштани завқи эстетикиву экологӣ дар тубакчаҳо гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.

      


    Бозгашт