| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

        ИШТИРОКЧИЁН-ВА-РАФТИ-КОР-300x213.jpeg
    Бо мақсади сазовору хотирмон ва дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ассоси нақша-чорабиниҳои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, баҳри боз  ҳам беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода намудани муҳити зист пайваста дар кӯчаву маҳаллаҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ  аксияи  «Тозагии маҳал» доир гардид.Аксияи мазкур бо иштироки кормандони ҷамоат, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва ҳамчунин бо ҷалби сокинони касбу кори гуногун дар Ҷамоати деҳоти Иттифоқ ва   Правдаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби 80 нафар гузаронида шуд. 

    Дар натиҷа зиёда аз 10 куб партовҳо ҷамъоварӣ гардида,  бо ҷалби техника ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд. Чунин тадбирҳои тозакориҳо ҳар ҳафта аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҷамоату деҳот ва ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин доир мегардад.



    Бозгашт