| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи экологии «Тозагии маҳал» дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    Аксияи экологии «Тозагии маҳал» дар шаҳри Турсунзода

    Баҳри иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода 2 марти соли равон аксияи экологии “Тозагии маҳал” ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар деҳаҳои Регар ва Боймирзоев Гулмирзо ҷамоатҳои Пахтаобод ва Регар гузаронида шуд.

    Дар ин чорабини беш аз 100 нафар сокинону кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Инчунин, техникаҳои борбардору боркаш сарфарбар карда шуд, ки дар натиҷа 4 метри кубӣ партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳри мазкур интиқол дода шуданд. Дар умум ба масоҳати 2 км аз ҳаргуна партовҳо тоза гардид.

    IMG_20230214_150611.jpg IMG_20230301_153832.jpg IMG_20230302_112718.jpg  IMG_20230302_112819.jpg              


    Бозгашт