| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи экологӣ дар ноҳияи Ашт
    Ахбор

    Аксияи экологӣ дар ноҳияи Ашт

    Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ид ва ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони дигар муассисаю ташкилот ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

    Дар рафти аксияи мазкур зиеда аз 300 нафар иштирок дошта, 29 км роҳи асосии протоколии ноҳия аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 650 без пояҳои дарахтон сафед гардида, дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 725 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз ҷумла ҳамешасабз шинонида шуд.

     


    Бозгашт