| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил»  дар вилояти Суғд
    Ахбор

    Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд 

     

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад.  

    Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш - 25,3 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо - 53,7 км, таъмири роҳравҳо - 3 км,  тоза намудани заҳбуру каналҳо - 300 м,  сафед намудани дарахтон - 1236 бех, тоза намудани майдонҳо - 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.

    То баргузории ҷашни миллӣ баргузор гардидани аксияҳои экологӣ дар миқёси вилоят идома хоҳад ёфт.


                                                                                                   

    Бозгашт