| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ миқёси вилояти Суғд
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ миқёси вилояти Суғд

                                                                    

    изображение_viber_2023-02-04_09-37-07-518.jpg

    Давоми ҳафта бо мусоид омадани обу ҳаво дар миқёси вилоят 10 маротиба аксияҳои экологӣ бо ташаббуси кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ашт ва Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида, бо иштироки 2,9 ҳазор нафар намояндагони муассисаю ташкилот, корхона ва шаҳрвандон корҳои ободонӣ, аз қабили аз партовҳои гуногун тоза намудани ҷӯйбор – 3,5 км, қадди роҳҳо - 7,9 км ва соҳилҳои обӣ – 1,3 км, ҳамчунин баровардани партовҳо ба партовгоҳҳо дар ҳаҷми 18,7 метри мукааб ба сомон расонида шуд.

    Қайд карда мешавад, ки бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардида, дар рафти он бо истифода аз техникаи махсус як митақаи Томчисой ба пуррагӣ аз партовҳо тоза карда шудаст.


    Бозгашт