| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    22 апрел Рӯзи байналмилалии Модар-Замин дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    22 апрел Рӯзи байналмилалии Модар-Замин дар шаҳри Турсунзода

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии Замин, ки ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад, дар “Коллеҷи омӯзгорӣ”-и шаҳр Турсунзода ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

    Дар ибтидои машварат доир ба таърих ва моҳияти ин санаи муҳими экологӣ маърӯзаи мутахассисони шуъба шунида шуд. Таъкид гардид, ки маҳз ҳифзи табиати сайёраи Замин инсониятро водор намудааст, ки тадбирҳои экологиро бештар тарғиб намояд.

    Таҷлили Рӯзи Модар - Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар як сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он ғамхорӣ намояд ва ҳар як гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

    Дар рафти чорабинӣ байни мутахассисон, омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста ба масъалаи мазкур музокира ва суҳбати омӯзишӣ доир гардид.


    Бозгашт