Ҷаласаи ҳарҳафтаинаи назди раиси Кумита
14 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи набатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт, ки дар он як қатор масъалаҳои ҷойдоштаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбутаи таҷдиди назар оид ба татбиқи таҳияи Барномаи нави давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, пардохтҳои ҳатмии экологӣ, рафти иҷрои нақшаҳои корӣ, омодагиҳо ба нишасти матбуотӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, интизоми меҳнат, масъалаҳои назоратӣ ва фаъолияти дигари ҷорӣ, мавриди таваҷҷуҳ ва пурсиш қарор дода шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа таклифу пешниҳодҳо, қарорҳои мушаххас қабул гардида, масъулон вазифадор шуданд, ки барои иҷрои супоришҳо чораҳои зарурӣ андешанд.