Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2025
11 июли соли 2025 дар бинои Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи васеи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим Зоир, роҳбарияти дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи якум ва муайянсозии вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2025 баррасӣ карда шуд.
Муовини якуми раиси Кумита, Шукурзода И.Ш., бо маърӯзаи муфассали ҳисоботӣ баромад намуда, оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли равон баромад намуд.
Сипас, роҳбарони зерсохторҳои минтақавӣ, аз ҷумла ВМКБ Сабзалӣ Ш., вилояти Суғд Абдумаликзода Б., вилояти Хатлон Собирзода Қ., минтақаи Кӯлоб Раҳмоналӣ М. ва шаҳри Душанбе Назирзода А. ва сардорони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои кори худ ҳисобот доданд.
Раиси Кумита ба масъулин оид ба бартарафсозии камбудиҳо, иҷрои саривақтии нақшаҳо, риояи талаботи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қарори мушовара, ки натиҷаи ҳамаи баррасиву пешниҳодҳоро дар бар мегирад, пас аз тасдиқ ба тамоми сохторҳои тобеи Кумита барои иҷро ирсол хоҳад шуд.