Вохӯрии кормандони Кумита бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
16 апрели соли 2025 дар бинои Кумита вохӯрии корӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Ф. баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҳолатҳои коррупсионӣ, мусоидат менамоянд, ба таври мушаххас мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, роҳҳои пешгирӣ, бартарафсозӣ ва пурзӯр намудани назорат ҷиҳати коҳиш додани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ кормандони тамоми воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои назди Кумита фаъолона иштирок намуда, оид ба масъалаҳои ҷории самтҳояшон саволҳо пешниҳод карданд ва вобаста ба он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.