Ҷаласаи Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар се ҳафтаи моҳи феврали соли ҷорӣ
24 феврали соли ҷорӣ ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Шукурзода оид ба фаъолияти мақомоти мазкур ва зерсохтори он дар сеҳафтаи моҳи феврал ва вазифаҳо барои ҳафтаи баъдь бо иштироки роҳбарон ва дигар масъулони сохторҳои дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз масъулони иҷро оид ба таъмини дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаҳои қаблӣ, интизоми меҳнат, масъалаҳои назоратӣ ва фаъолияти дигари ҷорӣ, мавриди таваҷҷуҳ ва пурсиш қарор дода шуд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор барои қабул пешниҳод гардида, он ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода шуданд.