Маҷлиси назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратӣ таҳти раёсати раиси Кумита, Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баргузор гардид. Маҷлис бо мақсади баррасии ҳисоботи моҳи январи соли 2025, рафти иҷрои нақшаи корӣ ва масъалаҳои таъиноти кадрӣ баргузор гардид.
Ҳисоботи фаъолияти Кумита дар моҳи январ соли 2025 аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита, Шукурзода И., пешниҳод гардид. Дар ин моҳ тадбирҳои муҳим барои беҳтар намудани ҳолати экологии кишвар ва иҷрои нақшаи корӣ бо натиҷаҳои мусбат анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон, нақшаи кории Кумита дар соли 2025 низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба назар мерасад, ки ҳама тадбирҳо ва иқдомоти дар нақша буда, тибқи муқаррароти пешбинишуда иҷро шуда истодаанд. Ҳамзамон, аз тарафи раиси Кумита оид ба омодагии ҳамаҷониба вобаста ба баргузории конференсияи сатҳи баланд бахшида ба соли байналмилалии пиряхҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои болозикр, дар дастгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо таъинотҳои кадрӣ ба амал омад.