Таъини муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист
29 январи соли 2025 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад. Ба вазифаи муовини якуми раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр Шукур таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Киёмзода Зарафо Суфидҷонро иваз намуд, ки дар тӯли чандин сол саҳми назаррас дар рушди сиёсати экологии кишвар ва татбиқи барномаҳои самарабахши ҳифзи муҳити зист гузоштааст.
Муаррифии расмии муовини нав бо иштироки Нурулло Низомӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баргузор гардид. Дар суханронии худ ӯ касбият ва таҷрибаи баланди Шукурзодаро таъкид намуда, нақши муҳими ӯро дар рушди минбаъдаи сиёсати ҳифзи муҳити зисти кишвар зикр кард.
Шукурзода Исфандиёр Шукур қаблан дар сохторҳои экологӣ вазифаҳои масъулиятнокро ишғол намуда, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дорад. Интизор меравад, ки фаъолияти ӯ дар вазифаи нав ба таҳкими чораҳои ҳифзи экосистемаҳо, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва татбиқи барномаҳои экологии миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.