Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти кабудизоркунии кишвар
Имрӯз дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Кумита ва роҳбарияти Фонди хайриявии «Музаффар» маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти кабудизоркунии кишвар ва шинонидани ниҳолу дархатон баргузор гардид.
Ёддошти тафоҳум дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани ҷумҳурӣ ба «кишвари сабз» ба имзо расида, дар асоси он аз ҷониби Фонди хайриявии «Музаффар» тариқи хайрия бо мусоидати Кумита зиёда аз 10 ҳазор адад дарахт дар яке аз минтақаҳои ҷумҳурӣ шинонида мешавад.
Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур дар ҳошияи тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кабудизоркунии кишвар, камкунии партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва табдил додани ҷумҳурӣ ба «кишвари сабз» амалӣ гардида, саҳми созгори соҳибкори ватанӣ дар амалисозии нақшаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт мебошад.
Мавриди қайд аст, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии мамлакат, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 қабул шудааст, ки дар доираи он шинонидани беш аз 2 миллард дарахт ба нақша гирифта шудааст. Марҳилаи аввали иҷрои барномаи мазкур аллакай дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён дорад ва иҷрои самараноки он зери назорати Кумита қарор дорад.