Вохӯрӣ бо аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 7 феврали соли 2025 вохӯрӣ бо иштироки аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раис Шукурзода Исфандиёр дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мавзуи вохӯрӣ ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот" ва "Фарҳанги интихоботӣ" бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот, иштирокчиён бо меъёрҳои ҳуқуқии интихобот, раванди омодагӣ ва баргузории он, инчунин принсипҳои демократии иштироки шаҳрвандон дар интихобот шинос гардиданд. Ҳамчунин, коршиносон аҳамияти баланд бардоштани маърифати интихоботии шаҳрвандонро таъкид намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Чунин вохӯриҳо ба таҳкими шуурнокии интихоботии ҷомеа, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот ва риояи принсипҳои демократӣ мусоидат менамояд. Дар оянда низ чунин чорабиниҳо барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон идома хоҳанд ёфт.