Семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Пиряхҳо сарчашмаи оби ширин” дар доираи эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
Ҳафтаи равон дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети мазкур ва намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи “Пиряхҳо сарчашмаи оби ширин” дар доираи эълон гардидани “Cоли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Абдуллов Ҷаҳонгир н.и.т., ходими пешбари илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" дар мавзуи “Ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва корҳои тадқиқотӣ дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сармутахасиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидов Саидаҳмад дар мавзуи “Тоҷикистон пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағийрёбии иқлим” ва масъули Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Яқубов Ҷамолиддин дар мавзуи “Тоҷикистон-кишвари Офтоб, Кӯҳ ва Об. Ҳифзи пиряхҳо ва пажуҳишҳои илмӣ” маърӯза намуданд.
Пас аз қисмати саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хоҳиши худро барои ба роҳ андохтани ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои дарсҳои омӯзишӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо, таҳияи барномаҳои муштарак иброз доштанд.