Ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО дар шаҳри Женева
21 январи соли 2025 дар Қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи барномаи чорабинии мазкур дурнамо барои соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардида буд, баррасӣ шуда, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо: мушкилотҳо ва имкониятҳо аз ҷониби ҳамраисони Шӯрои машваратӣ конфронси мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Ко Баррет ва ёвари Директори Генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатишиносӣ хонум Лидия Артур Брито иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин зимни чорабнӣ ҷонибҳои манфиатдор, захираҳо, воситаҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои обшавии пиряхҳо, идоракунӣ ва мониторинги захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ғайраро дар асоси ӯҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.