Ҳашари ниҳолшинонӣ дар “Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” бо иқдоми Кумита
Ҳафтаи равон дар баробари сокинону кормандони корхонаву муассисаҳо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд.
Иқдоми мазкур дар пайрави дастуру супоришҳои Президенди мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзу хуррамгардонии сартосарӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби вобаста ба тағйирёбии иқлим, инчунин ташаббус ва иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.
Мақсади амалисозии иқдоми мазкур, саҳмгузории роҳбарияту кормандони Кумита ва зерсохтори он дар сабзу хуррамгардонӣ ва гулгулшукуфоии пойтахти кишвар аст.
МД “Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” яке аз калонтарин боғҳои фароғатии пойтахт ба ҳисоб меравад, ки дар он гулу буттаҳо ва ниҳолу дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда шинонидаву парвариш меёбанд. Ниҳолони ороишиву сояафкани дар ҳашар дастрасгардида, ки миқдори муайнро ташкил медод, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз нуриҳои минералӣ шинонида шуданд.