Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зерсохтори он дар соли 2024
10 январи соли 2024 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти мазкур ва зерсохтори он дар соли 2024 бо иштироки роҳбарон ва дигар масъулони сохторҳои дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, марказу муассисаҳои дар назди Кумита фаъолияткунанда ва лоиҳаҳои татбиқшаванда баргузор гардид.
Тибқи тартиби муқарраргардида оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи соли 2024 муовини якуми раис Қиёмзода З.С. бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуд.
Пас аз қироати маърӯзаи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита, директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А., МД “Ҳудуҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Шамсиддинзода Х., сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ Сабзаалиев Ш., дар вилояти Суғд Холзода С., дар вилояти Хатлон Собирзода Қ., сардори раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Раҳмоналии М, шаҳри Душанбе Назирзода А., оид ба самтҳои фаъолияташон ҳисобот доданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳои ҳисоботӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз масъулони иҷро оид ба амалигардонии стратегияву барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои амал ва таъмини дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаҳои қаблии мушовара пурсон шуда, ҷиҳати риояи талаботи хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Қайд карда шуд, ки дар соли 2024 Кумита бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, вале бояд тазаккур дод, ки бо назардошти рушди истеҳсолот, ҷамъшавии партовҳо ва тадриҷан зиёд шудани аҳоли мушкилоти экологӣ меафзояд, бинобар ин, ҳар як корманди соҳавиро зарур аст, ки фаъолияти хизматии хешро самараноктар намояд-қайд гардид зимни суханони хотимавӣ.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи мушовараи Кумита намоянда аз Ҳукумати мамлакат, сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Самиев иштирок ва баромад намуд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи мушовара барои қабул пешниҳод гардида, пас аз тасдиқ он ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода шуданд.