Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 5
    Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси...

    Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Гулистон               


                                              


    Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.

    Бо ин мақсад дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист бо ҷалби 3 адад техника партови бесоҳиб бартараф карда шуда, беш аз 214 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгиронида шуд.

    Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.

    изображение_viber_2025-01-15_14-14-51-340.jpg изображение_viber_2025-01-15_14-14-51-382.jpg изображение_viber_2025-01-15_14-14-51-420.jpg