Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва қарори раиси вилояти Суғд дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст.
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар доираи чунин маърака дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат, ҷамоати деҳоти Сарбанд, Куруш ва Тағояк воқеъ дар қади шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ зиёда аз 350 бех навниҳолони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳияи Спитамен соли 2025 шинонидани 24 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ, ва мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.