Баррасии лоиҳаи Кодекси экологӣ
13 январи соли 2025 дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ ин такмили асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар асоси мувозинати манфиатҳои экологӣ ва иқтисодии ҷомеа ва дар ин замина таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муҳити зисти солим мебошад.
Вазифаҳои асосии таҳияи Кодекси экологӣ аз ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалии экологӣ, таҳлили муқоисавии таҷрибаи қонунэҷодкунии чаҳонӣ ва қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати системавӣ барои танзими муносибат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқ ба давраи ҳозираи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили қонунгузории экологии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шакли маҷмӯи ягона-Кодекси экологӣ ҷамъ овардани он иборат мебошад.
Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз қисму фаслҳо, бобу моддаҳои мушаххас иборат буда, дар доираи таъсиси комиссияи салоҳиятдор ва бо ҷалби мутахассисону коршиносони варзида бо риояи техникаи қонунэҷодкунӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», таҳия гардидааст.
Дар рафти муҳокимаи Кодекси экологӣ аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳод ва тавсияҳо дода шуд, ки онҳо ба лоиҳаи Кодекс ворид гардиданд.