Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 6
    Ҳафтаи равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Омӯзиши Паём бо иштироки кормандони Кумита ва зерсохторҳои он               


                                              


    Ҳафтаи равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбарияти Кумита вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, ҷамъомад баргузор гардид.

    Дар робита ба ин иброз дошта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобест мукаммалу санҷидашуда аз як соли дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои мамлакат ва вазифаҳо барои соли баъдӣ баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, иҷрои нақшаю барномаҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар баён гардид. Паём дастури доимӣ барои ҳар як корманди соҳавӣ, талошу заҳматҳо дар пайи амалигардонии вазифаҳои базимагузошташуда мебошад.

    Ҳамзамон, баромадкунандагон паҳлуҳои гуногунсамти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа шарҳу тавзеҳ доданд.

    Иштирокдорон ҷонибдории худро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд. Дар пайи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ӯҳдадориҳои вазифавии худро сарбаландона иҷро менамоем-қайд гардид дар қисматии ниҳоии ҷамъомад.

    IMG_9570.jpg 4Z5A8260.jpg IMG_9679.jpg