Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо сафири Британия Кабир
Санаи 13 январи соли 2025 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум Кэтрин Смиттон сафири Британия Кабир дар Душанбе баргузор гардид.
Дар доираи вохӯри масъалаҳои ҳамкориҳо байни Кумита ва Британия Кабир, дастовардҳои Кумита дар СОР-29, нақшаҳои Кумита барои Конфронси байналмилалии СОР-30 ва назари Кумита барои ворид шудани Тоҷикистон ба “Эътилофи Нерӯи беангишт” баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳусни тафоҳум намуда, дар мавриди ҳамкориҳои зичу мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд.
Дар хотима раиси Кумита Шерализода Б. А., хонум Кэтрин Смиттонро барои вазифаи нав таъйин гардидан табрик намуда, дар корҳои ояндаашон муваффақият орзу намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҳамаи мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.