Тасдиқи Фармоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Номгӯйи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявӣ”
Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №111-ф Номгӯйи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда тасдиқ гардид.
Тибқи банди 2 фармоиши мазкур вазорату идораҳо дар иҷрои он вазифадор гардиданд.
Истифодаи Номгӯйи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда .дар сурати мутобиқат накардани рамзҳои Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсиф ва номи молҳои дар Номгӯйи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҳикистон иҷозатдодашуда, тавсиф ва номи молҳои Номгӯйи мазкур ба асос гирифта шуда, дар асоси моддаи 40 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул карда мешавад.