Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 7
    Кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Тамошои дастаҷамъонаи Паём аз ҷониби кормандони Кумита               


                                              


    Кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  28 декабри соли 2024 дар толори бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз тариқи телевизион тамошо намуданд.

    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро гирифт, дар зеҳни ҳар як корманди соҳавӣ барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ таасуроти амиқ гузошт.

    Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист, ҳамзамон доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

    Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист масъалаҳои дарҷгардидаи  Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистодаашон барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

    IMG_9245.jpg IMG_9249.jpg IMG_9250.jpg IMG_9262.jpg