Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 5
    Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»...

    Чорабинии ҷамъбастӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон               


                                              


    Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар толори донишкадаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, олимону устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Баъд аз суханҳои ифтитоҳии ноиби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., тариқи онлайн директори КВД «Табиат»-и дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов А. ва сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., оид ба се мавзуи асосии мизи мудаввар презентатсия ва маълумоти муфассал ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

    Дар бораи рафти татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар соли 2024 ва аз оғози Барнома сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 намояндаи Ташкилоти ҷамъиятӣ Усмонов Д., инчунин ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. оид ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2024 ва доир ба дурнамои фаъолият дар соли 2025 изҳори ақида намуданд.

    Тибқи барнома дар охири мизи мудаввар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи Сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.

    Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» гузаронида шуд.

    20241224_151340.jpg 20241224_151409.jpg 20241224_163634.jpg