Кумаки навбатӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ
Дар арафаи соли нави мелодӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону барҷомондагон, пирону маъюбон ва дар умум шахсони ниёзманд ба посбонон ва фаррошон маводи ғизоӣ ба миқдори муайян, аз қабили орду равған ва шакар кумак расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдом дар арафаи ҳар як иду ҷашнҳои миллӣ ва соҳавӣ ҳам дар дастгоҳи марказӣ ва ҳам дар мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иқдоми хайрхоҳона роҳандозӣ ва амалӣ мегарданд.