Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист”
Санаи 18 декабри соли равон дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Соли маърифати экологӣ дар ш. Душанбе” бо иштироки намояндагон аз Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, аъзои маҳфили эковолонтёрон ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар қисмати аввали чорабинӣ мавзуи зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён маърӯзаҳои муовини раиси Суди иқтисодии Тоҷикистон Аминзода З. дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили асосии тозагии муҳити зист”, муовини аввал-сардори Раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои судӣ Асрорзода З. дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологӣ» ва рӯнамои омоданамудаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДСРТ -ро дар мавзуи “Нақши клиникаи ҳуқуқии ДСРТ дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ вобаста ба истифодабарии сарватҳои табиӣ ва ҳалли масъалаҳои экологӣ” шуниданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ мавзуи “Нақши Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои тозагии муҳити зист” ва “Татбиқи ҳадафҳои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасиву муҳокимаи ҳозирин қарор гирифт.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба чунин хулоса расиданд, ки тозагии муҳити зист ва ҳифзи сарватҳои табиати кишвар кори дастаҷамъонаи ташкилоту идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеа ба ҳисоб меравад ва изҳор доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳои якҷоя барои тақвияти ҳамкориҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.