Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 53
    Бо мақсади  дар амал татбиқ намудани  «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии...

    Озмуни  экологии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» байни кӯдакистонҳо             


                                              

    470224561_3510692035899271_519119817604591860_n.jpg

    Бо мақсади  дар амал татбиқ намудани  «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар кӯдакистони «Шукуфаи Истиқлол» озмуни шаҳрии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» баргузор гардид.

    Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷодии хешро аз рӯйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмун дастпарварони кӯдакистонҳои №23, №25 ва №40 ба даст оварданд. Зинаи дуюмро муассисаҳои таҳсилоти томактабии №15, №32 ва №35 ва  ҷойи сеюмро МТТ №№1, 18, 20, 33, 37 ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ва фаъолон  туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф супорида шуд.

    Бояд қайд намуд, ки озмун соли сеюм бо иқдоми  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гузаронида мешавад.

    Ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кӯдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.