Кормандони Кумита кормандони соҳаи ободониро бо Соли Нав табрик карданд
Дар арафаи Соли нави мелоди кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғамхорӣ нисбат ба тамоми қишрҳои аҳолӣ аксияи хайриявӣ баргузор намуданд, то миннатдории худро ба шахсоне, ки ҳамарӯза барои тозагии кӯчаҳои пойтахт заҳмат мекашанд, изҳор намоянд.
Гурӯҳи ташаббускори кормандон барои фарзандони кормандони соҳаи ободонӣ тӯҳфаҳои солинавӣ омода карданд. Тӯҳфаҳо ба онҳое супорида шуданд, ки ҳар рӯз барои сабзсозии шаҳр, эҷоди гулгаштҳо ва нигоҳубини ниҳолҳо меҳнат мекунанд, бо заҳмати худ шаҳри моро равшантару бароҳаттар мегардонанд.
"Мо хостем миннатдории самимии худро барои меҳнати душворе, ки ин шахсон иҷро мекунанд, баён намоем. Кори онҳо аксар вақт нонамоён мемонад, аммо маҳз бо шарофати заҳмати онҳо мо аз гулгаштҳои зебо, сабзаву дарахтони шинондашуда ва кӯчаҳои тоза лаззат мебарем. Меҳнати онҳо на танҳо тозагии кӯчаҳои мост, балки ғамхорӣ ба некуаҳволии умумии мост," — қайд кард яке аз иштирокчиёни аксия.
Аксия дар фазои гарму дӯстона баргузор шуда, аз ҷониби ҳамаи иштирокчиён бо самимият пазируфта шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист умедвор аст, ки чунин аксияҳо ба анъанаи нек табдил меёбанд ва илҳомбахши дастгирӣ ва миннатдорӣ ба онҳое мешаванд, ки кишвари моро беҳтар мекунанд.