Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
16 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи ҳарҳафтаина баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, дигар марказу муассисаҳои дар назди Кумита фаъолияткунанда иштирок намуданд.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаи мониторинги фаъолият аз рӯи самтҳои назоратӣ дар моҳи ноябр мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукурзода И. ҳисобот дод.
Ҳамзамон, масъалаҳои дигари ҷории вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳи раиси Кумита қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои уҳдадорӣ ва масъулият аз муттасадиён пурсон ба амал оварда шуд.
Аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А. ба масъулин барои омодагии ҳамаҷониба доир ба конфронси байналмилалии дарпешистода соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Пас аз баррасии масъалаҳо, арзёбӣ гардидани ҳамаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.