Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич
Тибқи маълумоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1 ноҳябри соли 2024, № 296 дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд. ноҳияи Деваштич ба миқдори 1000 бех ниҳолҳои дарахтони сада шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор гардид.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳияи Деваштич ба миқдори 50 ҳазор бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.