Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 17
    Баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии...

    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан               


                                              

    470182932_565563086396527_5268061362675646942_n.jpg

    Баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки аз 29 июни соли 2024, № 374 цабул гардидааст, инчунин қарори раиси вилояти Суғд аз 1 ноябри соли 2024, № 296 бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳраки Баҳористони шаҳри Истаравшан 250 бех ниҳолҳои дарахтони арчаи сановбар шинонида шуд. Ниҳолҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи биогумус шинонида шуда, дар минтақаҳои дигари шаҳр низ ин тадбир амалӣ карда мешавад.