Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим» доир ба Ҳадафҳои рушди устувор
Санаи 6 декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шукурзода Исфандиёр ва сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Маҷон Гулчеҳра бо суханҳои ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ва муҳиммияти масъала изҳори ақида намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои пиёда намудани Ҳадафҳои рушди устувор дар кишвар «Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки дар он уҳдадориҳои кишвар барои расидан ба 17 ҳадаф тарҳрезӣ шудааст.
Дар ҷаласа инчунин, масъалаҳои идоракунии партовҳо, гуногунии биологӣ, такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои офатҳои табиӣ ба таври зарурӣ баррасӣ ва натиҷагирӣ гардид.
Шукурзода Исфандиёр доир ба рафти иҷрои чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва натиҷаҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта бо рӯнамо маълумот дод.
Ҳамзамон, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Улугов Умед, Тоҳирзода Сино, Маҳмадуллоев Ҳабибулло ва Шамсиддинзода Хуршед дар мавзуҳои идоракунии партовҳо, Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлим баромад намуданд.
Пас аз маърузаҳо дар қисмати саволу ҷавоб ва музокираҳо аз тарафи иштирокчиён ҷиҳати тақвияти фаъолияти Гуруҳи кори байниидоравӣ андешаҳо баён карда шуд.