|
37
Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад...
Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон»
Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба рӯзи қабули Эълоимияи умумии ҳуқуқи башар, ки ба аввалин император дар таърих бо номи Куруши Кабир сабт гардидааст, сарчашма мегирад.
Дар чорабинӣ, ки дар дастгоҳи марказии Кумита бахшида ба санаи мазкур бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баромадкунандагон аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид қабул гардидани 10 декабри соли 1948-ро дар шаҳри Парижи Фаронса ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» қайд намуданд.
Нотиқон хоса қайд намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли Конститутсия қабул карда шуд, ки дар муҳтавои он инсон дорои арзиши олитарин, ҳуқуқу озодӣ ва зери ҳимояи давлат дарҷ гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии дигар, нақшаю стратегияҳои амал дар ин самт таҳия ва қабул гардида, мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис гардида, фаъолият дорад.
Дар чорабинӣ, махсусан қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2023 доштанд, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.
Гуфта шуд, ки Кумита дар доираи соли маърифати экологӣ дар доираи нақшаи чорабинии тасдиқшуда корҳои муайянеро ба анҷом расонд. Аз ҷумла ҳамоиши корманд ташкил гардида, ба хотири тақвияти маърифати ҳуқуқии кормандон ва табиатистифодабарандагон семинару тренингҳо ва вохӯриҳои судманд гузаронида шуданд.