Шиносоии муовини Сарвазир барои омодагиҳо ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ваҳдат
3 декабри соли ҷорӣ муовини саровазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризои дар шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла дар омодагиҳо ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ромит, Ваҳдат-Норак ва ва мавзеи ниҳолпарварии навбунёди маҳал шинос шуданд. Муовини сарвазирро роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал ҳамроҳӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо иқдом ва мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шинонидан дар шафати шоҳроҳо ва таллу теппаҳо ба шаҳри Ваҳдат ба миқдори 1500 адад ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар дастрас карда шуд.
Дар ин иқдоми сабзкорӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазир Зиёзода С. Р. ҷиҳати интихоби замин, ниҳол, тарзи шинонидан, нигоҳубин ва ба воя расонидани ҳар ниҳоли шинонидашуда ба масъулин дастуру тавсияҳои судманд дода шуд. Қайд гардид, ки корҳо бояд тибқи тавсияи олимони соҳавӣ ва бо риояи меъёрҳои агротехникӣ сурат гирад.
Бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоили шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 2 гектар ниҳолхона ташкил гардида, гирду атрофи он панҷарабандӣ шуда истодааст.