Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 293
    Аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ...

    Иштирок дар Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ           


                                              

    jf5j5o7f8g2m46u5uf2qe7nw6irvy1uv.jpg

    Аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ баргузор мегардад, ки дар рафти он муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиемзода Зарафо Сӯфиҷон иштирок дорад. Аз ҷумла, зимни мулоқоти вазирон дар давоми ду рӯзи сипаришуда Қиёмзода З. С. дар ҷаласаҳои пленумӣ суханронӣ намуд.

    Дар суханрониҳои худ мавсуф ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои мизбонии COP 16 изҳори сипос намуда, мушкилоти хушксолӣ, таназзули замин ва тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат дар мубориза бо хушксолӣ ва биёбоншавӣ андешидашударо қайд карда шуд. Инчунин, таъсири таназзули замин ва хушксолӣ ба муҳоҷирати иҷборӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилот  қайд гардид.

    Бо истифода аз фурсат, Қиёмзода З. иштирокчиёни ҳайати вазиронро ба иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

    8xn2tsj9nmmd60qz8d0goqi0e092xur6.jpg mzsetitj8b3jqg0u1du02f924uuncqa5.jpg 7aye4t11lnyfewc8hmbrrpxx50r1ytxh.jpg