Конференсияи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор
26 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе дар доираи 30-солагии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор конференсияи минтақавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, намояндагону коршиносон ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони рушд, дигар мақомоти марбута иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур Барномаи минтақавии экологии рушди устувор дар Осиёи Марказӣ то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Барномаи мазкур бо қарори Шӯрои Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аз 22 феврали соли 2022 дастгирӣ ёфта, 5 самти афзалиятноки ҳифзи муҳити зистрро дар кишварҳои минтақа ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дарбар мегирад.
Дар чорабинӣ масъалаҳои дахлдори экологии кишварҳои минтақавӣ ба таври муфассал ва бо рӯйнамоҳо аз тарафи намояндагони онҳо мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуда, барои ҳаалли масъалҳои ҷойдошта суолу ҷавоб ва мубоиҳисаҳои судманд сурат гирифт.