Натиҷагирӣ аз озмуни “Ҷилои табиати Тоҷикистон дар оинаи мусаввир”
28 ноябр Комиссияи озунии расми беҳтарин, ки қаблан аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҷилои табиати Тоҷикистон дар оинаи мусаввир” байни рассомон эълон шуда буд, дар саҳни бинои дастгоҳи марказии Кумита аз офаридаҳои пешниҳоднамудаи рассомон дидан намуда, бештаринҳоро барои сазовор донистан ва харидорӣ интихоб намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар расми намоиши мусаввараҳои ба озмун пешниҳодгардида раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис иштирок намуда, ба офаридаҳои расомони моҳир, ки гуногунрангии табиат, олами набототу ҳайвоноти нодир, парандагон, обу пирях ва кӯлу дарёҳои Тоҷикистонро ба риштаи тасвир кашидаанд, баҳои арзанда доданд.
Озмуни мазкур тибқи низомномаи он 3 номинатсияро дарбар мегирифт. Аз ҷумла дар ҳамаи номинатсияҳои нобаршуда, аз ҷумла манзараҳои обанбор, шаршара, наҳр, дарё, пирях ва манбаъҳои дигари обӣ, ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд ва инчунин дар номинатсияи манзараҳои дигари табиати Тоҷикистон ба комиссияи озмун маводҳои ҷолибу диққатҷалбкунанда аз ҷониби рассомон ва ҳаваскорон пешниҳод гардидаанд. Комиссияи озмунӣ маводҳоро воқеъбинона баҳогузорӣ намуда, асарҳои беҳтаринро интихоб намуданд.