Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 344
    22 ноябри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумита               


                                              


    22 ноябри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон кормандони соҳавиро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд. Зимни суханҳои табрикотӣ иброз гардид, ки Парчам нишонаи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ ва ифтихори миллат аст. Аз ҷумла хоса изҳор дошта шуд, ки таҳти роҳнамоию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидию ягонагии мардуми шарифи тоҷик кишвари мо зери парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

    Ҳамзамон, алоҳида кормандони Кумита бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аз ҷумла Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар арзёбӣ намуданд.

    Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳоии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишварамон мусоидат менамояд. 

    468073204_891392903107049_102874251019334078_n.jpg 467776382_891392739773732_7380686939274265876_n.jpg 468036933_891392906440382_1603476999836809585_n.jpg