Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 332
    Дар толори маҷлисии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти...

    Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             


                                              

    20241114_091955.jpg

    Дар толори маҷлисии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

    Ҷиҳати дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии мазкур барои иштирок ва суханронӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х. ва бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. даъват карда шуданд.

    Ҳангоми баромаду суханронӣ ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат аз ҷониби меҳмонон дар бораи сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак, дар қонунгузории кишварамон пазируфта шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ ва дар бораи дигар иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Сарвари давлат шарҳу маънидод гардид.

    Ҳамзамон, дар навбати худ собиқадори меҳнат ва иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. аз ҳолат ва рӯзҳои баргузории он ёдовар шуд.

    Дар рафти чорабинии тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба се нафар кормандони сарраёсат шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуда, дар интиҳо ба иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. аз тарафи сарраёсат 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.