Назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров
Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.
Амалиёти мазкур бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ доир гардида, воситаҳои нақлиёт аз санҷиши аналитикӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти амалиёт 58 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз чунин санҷиш гузаронида шуда, нисбати ронандагони 8 адади онҳое, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА дар шаҳру ноҳия ирсол гардидаанд.