Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 81
    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом якҷоя бо Идораи беҳдошти замин...

    Табрикоти сарбозони қисми ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон             


                                              

    IMG-20241106-WA0008.jpg

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 750 нафар сарбозон дастурхони идона ороста шуд.     

    Бо мақсади татбиқи иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист таъминоти хӯроки гарм, оши палав, сабзавоту меваҷот ба амал омада, боқимонда маводи хӯрока ва обҳои ташнашикан аз тарафи Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ таъмин гардидааст.

    Дар рафти чорабинии идона ба ҳамаи сарбозону офитсерон паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.