Чорабинии муштараки сатҳи баланди Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар павилиони миллии COP29
Дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон дар павилиони Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об», дар якҷоягии Вазорати тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Амна бинт Абдулло ал Даҳак, намояндагони ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирёбии иқлим, ҳифзу идоракунӣ, инчунин таҳкими муколамаи сиёсӣ оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва густариши хамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
Раиси Кумита зимни суханронии худ зарурати амалӣ намудани чорабиниҳои муштаракро ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлимро ба муҳити зист ва идоракуни устувори захирахои об қайд намуд. Мавсуф, ҳамчунин аз иштирокдорони чорабинӣ даъват ба амал овард, ки дар доираи татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо” хамкори зич ба роҳ монда шавад.
Раиси Кумита ба Вазорати тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб, ЮНЕСКО ва СҶМ изҳори сипос намуда, номбурда ва шариконро барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Вазири тағйирёбии иқлим ва Амороти Муттаҳидаи Араб хонум Ал Даҳак дар суханронии худ ба раиси Кумита барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Эъломия оид ба кишоварзии устувор, системаҳои озуқаворӣ ва амали иқлим, ки дар COP-28 қабул гардид, аллакай аз ҷониби 160 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст ва он барои мутобиқ кардани системаҳои ғизоӣ ба мушкилоти иқлим муҳим мебошад.
Хонум Ал Даҳак, инчунин дар бораи тадбирҳое, ки дар доираи «Стратегияи миллии амнияти озуқавории Амороти Муттаҳидаи Араб, ки дар давраи то соли 2051» амалӣ карда мешавад ва инчунин «Нақшаи ба наздикӣ тасвибшудаи Амороти Муттаҳидаи Араб», амсоли Рӯзномаи Аморот, ҳамчунин фаъолияти Маркази миллии кишоварзӣ, ки барои дастгирии техникӣ ба деҳқонон пешбинӣ шудааст, сухан гуфт.
Айни замон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷараён доранд.