Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 361
    Дар мусоҳибаи имрӯза бо шабакаи телевизионии Си-Би-Си, шарики воситаҳои ахбори оммаи COP29 дар Боку...

    Мусоҳиба дар шабакаи телевизионии CBC вобаста ба аҳаммияти иқдоми Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо             


                                              

    467266397_889331413313198_7361233762765046707_n.jpg

    Дар мусоҳибаи имрӯза бо шабакаи телевизионии Си-Би-Си, шарики воситаҳои ахбори оммаи COP29 дар Боку, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зистро шарҳ дода, мавриди таваҷҷуҳи алоқамандонаи шабакаҳои хабарии бурунмарзӣ қарор гирифт. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ин иқдом аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонии ҳамаҷонибаи худро пайдо кард ва Қатъномаи даҳлдори махсус оид ба эълон гаштани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалия ҳифзи пиряҳо” тасдиқ карда шуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. ҳамчунин дар бораи рафти омодагии Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 баргузор мешавад, маълумот дод.

    Хонум Ясмин Сиддиқ, мудири шуъбаи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзии Бонки Осиёии Рушд низ дидгоҳ ва дастгирии худро барои ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим ва он иқдомҳои глобалӣ, бахусус ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи табиат ва пиряхҳо, ки аз ҷониби аксарияти кишварҳои UNGA дастгирӣ карда шуданд, изҳор дошт.

    Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки Бонки Осиёии Рушд ҳамчун як бонки иқлим тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро фаъолона дастгирӣ менамояд. Номбурда ба хусус, дар бораи барномаи ба наздикӣ қабулшуда, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ва Хазинаи Иқлими Сабз маблағгузорӣ мешавад, суханронӣ намуд. Ҳадафи барномаи мазкур ҳамгироии ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии устувор мебошад.

    Дар мусоҳибаҳои анҷомдодашуда аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамчун тадбири мубориза бо тағйирёбии иқлим ва муҳофизати сарватҳои табиӣ таъкид карда шуд.

    467548013_889331286646544_4022425982103804029_n.jpg 467666678_889331293313210_181881709619171148_n.jpg 467153357_889331376646535_3157657450336580877_n.jpg