Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 420
    18 ноябр дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим...

    Мулоқоти дуҷонибаи Баҳодур Шерализода ва доктор Гретел Агилар дар ҳошияи конференсияи 29 тарафҳо дар Боку             


                                              

    Раис .jpg

    18 ноябр дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29), ки дар шаҳри Боку Озорбойҷон баргузор гардида истодааст, мулоқоти дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур  бо  директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) доктор Гретел Агилар баргузор гардид.

    Дар ҷараёни мулоқот доктор Агилар ба ҷониби Тоҷикистон барои омодагӣ ба узвият дар IUCN ҳамчун узви расмӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти ин иқдомро барои таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъкид кард. Мавсуф, ҳамчунин огоҳ шудан аз Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 ноябри соли 2024 ба имзо расидааст, хоҳиши кишварро барои иштироки фаъолона дар талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат ва рушди устувор мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

    Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устуворро баррасӣ намуданд. Яке аз нуктаҳои муҳими баҳс ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IUCN дар самти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буд, ки тибқи қатъномаи СММ дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Дар ин чорабинии муҳим коршиносон ва иштирокчиёни варзида аз саросари ҷаҳон барои баррасии масъалаҳои мубрам оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим гирди ҳам меоянд.

    Баҳодур Шерализода ва Гретел Агилар оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IUCN, инчунин омодагии муштарак ба конфронси дарпешистода, ки як платформаи муҳим барои табодули таҷриба ва таҳияи стратегияи ҳифзи экосистемаҳо, бахусус дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хоҳад буд, ба мувофиқа расиданд.

    Ин нишаст дар ҳошияи конференсияи 29 тарафҳо нуфузи афзояндаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид мекунад.