Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 2
    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода...

    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи тағйирёбии иқлим, пиряхҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар COP29 дар Боку               


                                              


    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар иҷлосияи тағйирёбии иқлим, пиряхҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар COP29 дар Боку дар мавзуи «Обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ тавассути пиряхҳо ба хоҷагиҳо (G2F: Тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ») иштирок ва суханронӣ намуд.

    «Тоҷикистон ташаббуси минтақавии пиряхҳо то хоҷагиҳоро (G2F) дастгирӣ намуда, нақши муҳими онҳоро дар ҳифзи манбаи ҳаёт дар Осиёи Марказӣ эътироф мекунад», - қайд кард раиси Кумита.

    Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо беш аз 14 ҳазор пирях дар қаламрави худ беш аз 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказиро таъмин мекунад. Обшавии босуръати ин пиряхҳо ба амнияти обӣ, ғизоӣ ва энергетикии минтақа хатари оҷилӣ ва ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ахиран дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтааст-қайд гардид зимни суханронӣ.

    Ҳадафи ташаббуси G2F ҳалли мушкилоти мубрами минтақа аст. Татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ва устувори тавассути сармоягузориҳои мақсаднок, ки заҳираҳои об, ҳаёт ва некӯавҳолӣ ва инфрасохтори муҳимро муҳофизат мекунад, зарур аст.

    Раиси Кумита қайд кард, ки нақши роҳбарӣ ва сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъалаҳои глобалӣ ба минтақа қобили мулоҳиза мебахшад. Ин ташаббусҳои калидӣ уҳдадории Тоҷикистонро барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим тасдиқ мекунанд.

    Қобили зикр аст, ки иҷлосияи 29-уми Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29) рӯзи 11 ноябр дар Боку оғоз шуда, то 22 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

    Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим як созишномаест, ки дар Саммити Замин дар Рио-де-Жанейро моҳи июни соли 1992 барои ҷилавгирӣ аз дахолати хатарноки инсон ба системаи иқлим ба имзо расид.

    Дар маҷмӯъ 198 кишвар аъзои Конвенсияи болозикр мебошанд. Агар тарафҳо карорҳои дахлдор қабул накунанд, Конвенсияи тарафҳо ҳар сол гузаронида мешавад. Нахустин ҷаласаи КТ моҳи марти соли 1995 дар Берлин баргузор шуда, котиботи он дар Бонн ҷойгир аст.

    467189154_886663726913300_158045873659904755_n.jpg 466781337_886639783582361_523043300398914390_n.jpg CAREC.jpg CAREC2.jpeg